НАТИҶАИ РӮЗИ ДУЮМИ ҶУДОКОРОНИ ТОҶИК ДАР “TBILISI GRAND SLAM-2022

Тоҷиктстонро дар рӯзи дуюми мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо “Tbilisi Grand Slam- 2022”, чор варзишгар Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг) ва Шодмон Ризоев (-81кг) намояндагӣ карданд.

Паҳлавони ҷавону умедбахши кишвар Муҳаммадраҳим Сарахонов тавонист дар ин мусобиқа бо се пирӯзӣ ва ду бохт миёни 33-ҷудокори вазни то 73кг ҷойи 7-умро касб кунад.

Дар баробари Муҳаммадраҳим Сарахонов ҷудокори дигари кишвари мо дар вазни то 81кг Шодмон Ризоев рақобатро аз даври дуюм оғоз карда, дар ин марҳила ҷудокори Маҷористон Аттила Унгвариро шикаст дод. Шодмон дар даври 1/4 финал бохт ва барои ба даст овардани медали биринҷӣ дар даври тасалобахш низ дучори шикаст гардид. Бо ин натиҷа ҷудокори мо зери вазни то 81кг миёни 34-ҷудочӣ зинаи 7-умро соҳиб шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз ҷудокорони дигари кишвар Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73кг) ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг) ноком гардида, аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд.