Рӯзнома ва нашрияҳои чопи ин ҳафтаи дохил ба баррасии муҳимтарин таҳавулоти Тоҷикистон пардохта, дар ин замина матолиби хабарӣ ва таҳлилии ҷолиб мунташир кардаанд.
“Ҷумҳурият”
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 15 июл, дар сармақолаи худ бо номи “Пешвои миллат, роҳҳо ва нуфузи байналмиллалии Тоҷикистон” навиштааст, ки роҳҳо дар ҳақиқат оинаи кишвар ва пайвандгари марзҳову дилҳоянд.
Нашрия дар ин замина, зимни ёдоварӣ аз тарҳои амалишудаи нақлиётӣ дар кишвар, таъкид кардааст, ки ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистон аз бунёду навсозӣ, сохтмони нақбу пулҳо, ин аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар буд, ки хушбахтона ин тадбирҳои муҳим сари вақт амалӣ гашта, Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфт.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 14 июл дар мақолаи таҳлилие вазъи соҳаи парандапарварӣ ва мушкилоти мавҷуд дар ин бахшро баррасӣ карда, навиштааст, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 440 миллион дона тухм ва 13 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол гардида, ин нишондод мутасонибан 144 % ва 3.2 % бештар аст.
Ҳамзамон муаллиф дар ин мақола таъкид кардааст, ки монеаи асосӣ дар роҳи рушди бештари парандапарварӣ дар кишвар, тавлиди ғизои паранда дониста мешавад. Тибқи оморӣ расмӣ, соли 2019 дар кишвар 300 тонна хӯроки паранда истеҳсол шудааст, дар ҳоле ки воридоти ин маҳсулот ба беш аз 84 ҳазор тонна расидааст.
“Садои мардум”
“Садои мардум”– нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матлабе зери унвони “”Озодӣ” чӣ мехоҳад”, аз шеваи инъикоси таҳаввулоти Тоҷикистон дар бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” ба шиддат интиқод кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, раҳбарони радиои «Озодӣ» ва маблағгузорони он, на танҳо намехоҳанд аз пешравиҳои Тоҷикистон сухан гӯянд, балки ҳамкорони бахши тоҷикии радиоро барои худдорӣ аз пахши маълумоти дурӯғини интиқодӣ, таҳдиди аз кор рондан мекунанд.
Муаллиф хулоса кардааст, ки радиои «Озодӣ» ва ҳаммаслакони он бар асоси илми журналистика амал накарда, як дастгоҳи дасисабоз ва бо истифода аз далелҳои сохташуда, дар пайи ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои ба озодӣ ва истиқлолиятрасида мебошад.
“Садои мардум” дар мақолаи дигаре бо номи “Шуҳрати токпарварони Муъминобод кай барқарор мегардад?”, навиштааст, ки дар гузашта аз ноҳияи Муъминобод ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ангури навъҳои тоифӣ ва кишмиши сиёҳу сафед мебурданд, аммо ҳолло ангурро ба ин ноҳия аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода меоранд. Ба навиштаи муаллиф 1979-1980 ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар токзори лалмӣ ба 270-280 сентнерӣ ва истеҳсоли ангур аз 3 ба 7 ҳазор тонна расида буд.
“Надоштани таҷҳизот ва техникаи зарурӣ, дониши мукаммали касбӣ, нархи баланди сӯзишворӣ, заҳрхимикатҳо, мавҷуд набудани қитъаҳои ниҳолпарварӣ дар хоҷагиҳо, номгӯйи сабабҳое мебошанд, ки садди роҳи барқарор кардани шуҳрати токпарварии ин диёри меваҳои шаҳдбор гаштааст” – навиштааст муаллифи матлаб.
“Тоҷикистон”
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар мақолаи таҳлилие зери унвони “Бозгашти COVID-19”, хуруҷи дубораи бемории сироятии коронавирус дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон ва хатари онро барои Тоҷикистон, баррасӣ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф бо назардошти ин вазъият, вилояти Суғд ба минтақаи осебпазири кишвар дар баробари мавҷи дуюми коронавирус, табдил шудааст. Аз сӯи дигар муаллиф аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки то дар туйу маъракаҳо мардум бениқоб ва бидуни риояи фосилаи иҷтимоӣ ҳозир мешаванд, ки ин ҳолат хатари паҳншавии бемориро дучанд мекунад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре аз афзоиши якбораи 40 дарсадии нархи гази моеъ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, суол гузоштааст, ки сабаб дар чист? Ба навиштаи ин ҳафтанома, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба кишвар 227 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки дар қиёс бо соли қаблӣ, тафовути чандоне надорад.
Ҳамзамон таъкид мешавад, ки ширкати қазоқистонии “Актобумунайгаз” қимати як тонна газро, ки дар охири моҳи апрел 105 то 125 доллар буд, дар аввали моҳи июл то ба 350-380 доллар боло бурдааст.
Аз сӯи дигар ба навишати муаллиф, яке дигар аз сабабҳои афзоиши нархи гази моеъ дар Тоҷикистон, набудани рақобати солим дар бозори сузишвории кишвар аст, ки дар ин ҳолат чанд ширкат бо назардошти талаботи мавсимии бозор, нархи сузишвориро ба истиллоҳ “танзим” мекунанд.
“ИмрӯзNews”
Рӯзномаи “ИмрӯзNews” дар матлаби таҳлилие таҳти унвони “Бесарусомонии сомонаҳо”, фаъолияти сомонаҳои интернетии вазорату идораҳои давлатӣ ва ҳузури шахси раҳбарони аввали ин ниҳодҳо дар шабакаҳои иҷтимоиро ба риштаи таҳлил кашидааст.
Ба навишати муаллиф боиси таасуф аст, ки аксари раҳбарони вазорату идора ва раисони вилояту ноҳияҳо аз сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазар мекунанд. Дар ин миён танҳо Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе истисно аст, ки ба таври фаровон аз зарфияти фановариҳои иттилоотӣ истифода мекунад.
Ин дар ҳолест, ки барои мисол мақомоти давлатии Русия ва Қазоқистон дар замони пандемия то 80 дарсади кори маъмурӣ-идориро тавассути интернет анҷом медиҳанд.
“Фараж”
Ҳафтаномаи “Фараж” дар матлабе бо номи “Футбол”, аз бетаваҷҷуҳӣ ва бархурди номуносиби бархе идораҳои давлатӣ ба муроҷиати расмии шаҳрвандон, интиқод кардааст. Дар ин миён муаллиф пешниҳод кардааст, ки мактубҳои шаҳрвандон унвонии мақомоти давлатӣ дар ихтиёри расонаҳо қарор бигирад то рӯзноманигорон таҳқиқоти журналистӣ анҷом диҳанд.
Ба гуфтаи муаллиф дар натиҷаи ин таҳқиқот маълум хоҳад шуд, ки кадом мақомот ва ё раисони шаҳру ноҳияҳо арзу шикояти мардумро ноддида гирифта, ба мушкилоти онҳо расидагӣ намекунанд.
“СССР”
Нашрия “СССР” дар мақолае аз амалкарди масъулини Мактаби бритониёии Академияи Кембриҷ дар Душанбе дар замони пандемия ва шеваи роҳандозии таълимоти фосилавӣ, ба шиддат интиқод кардааст.
Муаллиф иддао кардааст, ки барои дарсҳои он-лайнӣ ба фарзандаш ҳамрӯза аз 2 то 3 гегабайт интернет харидорӣ мекард, аммо дарсҳои фосилаии ин мактаб аслан ҷавобгӯи талабот нестанд.
Аз сӯи дигар муаллиф аз қимтаҳои ҳангуфти ҳаққи таҳсил дар ин мактаб интиқод карда, афзудааст, ки бо вуҷуди пандемия ва таътил будани таълими ҳузурӣ, масъулини Мактаби Академияи Кембриҷ дар Душанбе, пардохти пули таҳсилро талаб доранд. Бояд гуфт, ки пули солонаи таҳсил дар Мактаби бритониёии Академияи Кембриҷ дар Душанбе, аз 80 то 90 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зиёратшои Аҳмадшо
Радиои “Тоҷикистон”