Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як изҳорот дар сомонаи расмиаш аз шиддат ёфтани вазъ ва ҳодисаи мусаллаҳона дар сарҳади Озарбойҷон-Арманистон изҳори нигаронӣ намуда, ҷонибҳоро ба хештандорӣ даъват кардааст.
Дар изҳороти ин Вазорат омадааст, ки: “Мо ҷонибҳоро даъват менамоем, ки бо мақсади пешгирӣ аз авҷ гирифтани вазъияти мураккаб ва риояи режими оташфишонӣ талоши ҳадди аксарро намоянд. Мо умедворем, ки Озарбойҷон ва Арманистон бо истифодаи усулҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли масъалаҳои падидомада ҳарчи зудтар бармегарданд. Мо ба хешовандон ва дӯстони ҳалокшудагон тасаллияти амиқ баён менамоем”.
Ёдовар мешавем, ки тайи як ҳафтаи ахир миёни неруҳои низомии Озарбойҷон ва Арманистон воқеъ дар минтақаи Қарабоғ даргирии шадид идома дорад. Дар натиҷаи даҳҳо низомӣ аз ду ҷониб ба ҳалокат расидаанд. Бархурди ахири низомӣ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон карда, талош доранд, то оташбас миёни ду кишвар ба шакли пештара баргардад.