Ташхиси мусбати маҳсулоти озуқаворӣ бештар гардидааст

    Муҳаммадсаид Файзуллозода

Дар нимсолаи аввали соли равон дар натиҷаи ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ дар 659 мавод натиҷа мусбати арзёбӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 104 адад кам мебошад. Дар ин бора раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурри Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода дар нишасти хабарии  ин ниҳод ба хабарнигорон маълумот дод.

Ба таъкиди номбурда аз чониби мутахассисони озмоишгоҳҳои бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмоли  зиёда аз 534 ҳазор  адад ташхиси маҳсулоти озукаворӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла тасхиши гӯшт, шир, тухм, асал, равған, маҳсулотҳои намакин, меваи хушк, буттамеваи тару тоза маҳсулоти моҳигӣ маҳсулоти полези мебошанд. Дар натиҷаи тасхишҳо маҳсулотхои ба талаботи бехатарии озуқаворӣ ҷавобгӯ набуда аз он ҷумла 33865,8кг маҳсулоти гуштӣ, 5731,6кг (литр) маҳсулоти шири 11310дона тухми ғизоӣ, 53083,кг меваю сабзавот, 434,2 кг моҳӣ, 2753,кг маҳсулотҳои намакин, 656 литр равғани растанӣ ,6059,8 кг асал, ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хафтнок муайян карда шуда аз фуруш боздошта, нобут карда шуданд.

 

                                                                                                        Гулрӯ Ниёзова,

Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *