Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом дод.
Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Авир” баргузор гардид. Рақобат миёни ин тимҳо якранг ҷараён гирифт ва суриягиҳо аз як имконият хуб истифода карда, дар дақиқаи 16-ум ҳисоби бозиро 1:0 намуданд. Голи ягонаи ин вохӯриро Умар Ал Сума ба самар расонид ва пирӯзии тимашро таъмин намуд.
Бозии дӯстона:
Сурия – Тоҷикистон – 1:0
Гол: Умар Ал Сума, 16.