Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон дидору гуфтушунид кард.
Тавре аз вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ дар робита ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.