Даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба анҷом расид

Акс аз Вазорати мадофиаи ҶТ

Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ, ки давоми моҳҳои апрел ва майи соли 2022 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дошт, пурра ба анҷом расид. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳимми сиёсӣ, дар нахустин рӯзи даъват вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва чанде аз шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.

Бо ҳамин тартиб, дар нимаи аввали моҳи апрел чаҳор навоҳии пойтахт ва то охири моҳи май бошад, тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки дар самти сифатан ва дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пешсаф буданд, инчунин ба волидони ҷавонписароне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир гардиданд, изҳори сипосу миннатдорӣ менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки агарчӣ иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар муҳлати муқарраргардида, яъне давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон ба итмом расида бошад ҳам, лекин тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва баҳри омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ, онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.