Бар пайи як фармони Президенти Тоҷикистон, Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси Суди шаҳри Хуҷанд ва Рустам Маҳмадсаидзода, судяи ин суд аз вазифа сабукдӯш шуданд.
Далели барканории онҳо, ки имрӯз, 30 май ба имзо расидааст, “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” гуфта шудааст.
Барканории Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва Рустам Маҳмадсаидзода дар ҳолест, ки ахиран Оҷонсии зиддифасод аз боз шудани парванда алайҳи ӯ хабар дода буд.
Ин ниҳод ин ду тан судяро ба “гирифтани пора” муттаҳам медонад.
Оҷонсӣ мегӯяд, парвандаи онҳо дар ҳоли таҳқиқ қарор дорад.
Бо фармони раисҷумҳур ҳамчунин ваколати судяи Суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Раҳмат Қосимзода Маҳмуд бинобар вафоташ қатъ гардидааст.