Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир дидор намуданд

Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир дидору гуфтушунид намуданд.

Тавре ки дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни вохурӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ ва дар дигар арсаҳои мавриди манфиатҳои тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки густариши ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, коркарди маъдан, мошинсозӣ, кимиё, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, шиша ва кошин аз самтҳои дигари судовар барои ҳарду кишвар номида шуд.

Таъкид шуд, ки рушди ҳамкорӣ дар самти роҳандозии коркарди нахи пахта, пӯст, пашм ва абрешим то маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин қолинбофӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди меваю сабзавот, намаки ошӣ, истеҳсоли равғани растанӣ ва оби ошомиданӣ низ ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, таҷҳизот ва техникаи кишоварзӣ аз самтҳои дигари муфид барои рушди робитаҳо маънидод карда шуд.

Тарафҳо барои расидан ба ҳадафҳои созанда ба масъалаи татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, ки дар ҳошияи мулоқоту музокироти сатҳи олии имрӯза ба имзо расид, ҳамчунин ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, сайёҳӣ, алалхусус саёҳати тандурустӣ табодули андеша карданд.