Дар натиҷаи чаппа шудани автомашина 2 ронанда ба ӽалокат расид

Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки 29-уми майи соли 2022, тахминан соати 16:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху”, Мирзоев Эраҷ Мирзошоевич, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Делох ба самти деҳаи Лахшики ноӽияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ, автомашинаро ба чуқурии зиёда аз 95 метр чаппа намудааст.
Дар натиҷа ронанда Мирзоев Э.М дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофиронаш: писараш, Марамов Орзу Эраҷович, соли таваллудаш 2011 ва Мағзумов Шафтолу Шасуфбекович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Ҳамчунин 28-уми майи соли 2022, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Каримов Аҳмад Мирраҳимович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори рости роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур, Мирсафоева Ҳикоят, соли таваллудаш 1932, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рўи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.