Ба иттилои сомонаи ВКХ ҶТ 28 майи соли 2022 мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амнияти беруна Чэн Гопин, ки ҷиҳати иштирок дар даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавии мушвирони оид ба амнияти миллӣ/котибони шуроҳои амният оид ба Афғонистон ба Душанбе ташриф овардааст, баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки зимни нишаст масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида, тарафҳо ба аҳаммияти андешидани тадбирҳои муштарак барои рафъи паёмадҳои манфии ҳамагирии Covid-19, зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷинояткориҳои муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.