Тибқи натиҷаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» қарор гирифта, бо тимҳои миллии Ӯзбекистон, Баҳрайн ва Туркманистон рақобат мекунад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 16-даста ба 4-гуруҳ тақсим шуда, пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври 1/4 ниҳоӣ мусобиқа роҳ меёбанд.
Бояд қайд намуд, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр дар Қувайт баргузор мешавад.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал:
Гурӯҳи «А»: Қувайт, Ироқ, Тайланд, Уммон.
Гурӯҳи «В»: Ӯзбекистон, Баҳрайн, Тоҷикистон Туркманистон.
Гурӯҳи «С»: Эрон, Лубнон, Тайбэйи Чин, Индонезия.
Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.