Меҳмон Бахтӣ, нависандаи мардумии тоҷик ва раиси собиқи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагон хабар доданд.
Меҳмон Бахтӣ аз насли дуюми шоирону адибони шӯравии тоҷик ба шумор меравад.
Солҳои дароз дар телевизиони Тоҷикистон, “Тоҷиктелефилм” ва Театри Лоҳутӣ кор карда, муаллифи филмнома ва намоишномаҳои зиёде мебошад.
Аз соли 2003 то 2015 масъулияти раисии Иттифоқи нависандагонро ба дӯш дошт. Солҳои 1995-2000 вакили парлумон ва аз соли 2005 то 2010 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон буд.
Меҳмон Бахтӣ соли 1941 дар ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навободро хатм карда буд. Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) низ таҳсил кардааст.
Дар давоми солҳои гуногун мудири бахши адабӣ-драмавии Телевизиони ҷумҳурӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», сармуҳаррири шуъбаҳои адабию драмавӣ ва ҷавонони Телевизиони тоҷик, мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, раиси Шӯрои кор бо навқаламон, раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон ва мудири бахши тарҷума ва нашри Маҷлиси Олии ҶТ буда, аз июли соли 2007 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси бахши Тоҷикистонии Диалоги «Евро-Осиё» буд.
Қиссаҳои “Оҳи сабук”, “Хубон”, “Се соати даҳшатбор”, китоби шеърҳои “Пайғоми баҳор”, “Хаёли ширин” ва маҷмӯаи намоишномаҳои “Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…”, “Оҳанги хаёл” ва дигаронро навиштааст.
Намоишномаҳои “Фирдавсӣ”, “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва “Тилисми Сайҳун” (“Нангбардори Хуҷанд”) низ ҳосили заҳматҳои ӯст. Соли 1988 ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2014 медали адабии байнулмилалии ба номи Михаил Достоевскийро гирифтааст.