Дар Тоҷикистон масъалаи суғуртаи ҳатмии тиббии кормандони ташкилоту корхонаҳои кишвар баррасӣ мешавад.
Хабаргузории “Sputnik Тоҷикистон” аз қавли Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ навиштааст, ки масъалаи ҷорӣ кардани суғуртаи тиббии коргарон “муҳим ва зарурӣ” аст.
“Ин ба манфиати коргарон буда, ба мустаҳкам шудани саломатии онҳо ва беҳтар шудани сифати хидматрасонии тиббӣ мусоидат мекунад”, — гуфтааст муовини вазири меҳнат.
Ҳамчунин Маҳмадуллозода ёдовар шудааст, ки тибқи моддаи 341-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, ҳамаи кормандон ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар осеб ба саломатӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ бояд фаро гирифта шаванд.
Тибқи маълумоти ин ниҳод, маблағҳои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба имтиёзҳои зерин сарф карда мешаванд:
– корношоямии муваққатӣ;
– ҳомиладорӣ ва таваллуд;
– барои дафн;
– имтиёзҳои оилавӣ ва дигар кумакҳо.
Ҷонибҳо гуфтаанд, ки ба суғуртаи тиббӣ фаро гирифтани ҳамаи кормандони бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кироякорон, шахсони дорои шуғли мустақилона ва ғайрирасмӣ фаъолияткунанда зарур аст.
Зикр гардидааст, ки такмили низоми суғуртаи тиббӣ барои кормандон дар Тоҷикистон бо назардошти вазъи иҷтимоию меҳнатӣ, талаботи аҳолӣ ва таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ қобили таваҷҷуҳ аст.