Муштзанбонуи тоҷик Рӯҳафзо Ҳақназарова дар аввалин муҳорибааш дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс бар намояндаи Боливия Айда Санталла пирӯзӣ ба даст овард.
Рӯҳафзо дар вазни зери 50 кг тавонист дар рақобати нахустинаш ғалаба ба даст оварад. Ҳақназарова пас аз мағлуб кардани Айда Санталла бо ҳисоби 5 бар 0 ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳашро ҳамвор кард. Дар ин марҳила рақиби муштзани кишвари мо Ингрит Валенси аз кишвари Колумбия ба шумор меравад.
Ду муштзани тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова ва Шоира Зулқайнарова дар даври 1/8 финали Чемпионати ҷаҳон Тоҷикистонро намояндагӣ менамоянд. Рақобати ҳарду варзишгар рӯзи 15 май сурат мегирад.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”