Таҷлил аз 77-умин солгарди Ғалаба бар фашизм дар Тоҷикистон, сафари расмии Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ба Туркманистон, зарурати иқдомоти фаврӣ барои коҳиши асароти тағйирёбии иқлим дар минтақа, хатарҳои амниятӣ аз Афғонистон ва мушкилоти норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна аз мавзӯҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 10 май паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 77-умин солгарди Ғалаба бар фашизмро нашр карда, ҳамчунин аз маросими гулчанбаргузорӣ ва гузашти низомӣ дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе хабару акс чоп кардааст. Дар паёми шодбошии раҳбари давлат таъкид мешавад, ки соли 1941 беш аз 300 ҳазор нафар ё худ 20 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанг сафарбар гардида, зиёда аз 100 ҳазори онҳо ба шаҳодат расданд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳфаҳои таърихи халқи тоҷик абадан сабт гардидааст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 11 май мақолае дар робита ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” чоп карда, менависад, ки ташаббусҳои Пешвои миллат эътирофи ҷаҳонӣ дорад. Нашрия ёдовар мешавад, ки конфронси мазкур рӯзҳои 6 – 9 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар ин нишасти сатҳи баланд қарорҳои муҳим дар заминаи коҳиши паёмадҳои гармшавии иқлим қабул хоҳад шуд. Ба навишати муаллиф ин конфронси байналмилалӣ марҳилаи нави ҳамкориҳои ҷаҳонӣ барои андешидани тадбирҳои мушаххас вобаста ба мушкилоти обу экология хоҳад шуд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 10 май мақолае бо номи “Шаҳомат ва лаккаҳои ҳамоиш бахшида ба Рӯзи озодии баён” нашр кардааст. Рӯзноманигор Далер Абдулло муаллифи матлаб дар бахше аз мақолаи хеш чунин навиштааст: “Вобаста ба интихоби муҷрӣ ва нотиқон эрод дорам. Магар бадӣ дошт, агар ҳамрадиф бо меҳмонҳои хориҷии бо харҷи зиёд ба ин маҳфил кашонидашуда, намояндагони ВАО-и мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони расонаҳои давлатӣ низ ба ҳайси муҷрӣ ё нотиқ баргузида мешуданд? Бо чунин тарзи кор, ки моҳиятан тафриқаандозӣ аст, чӣ гуна ҳамраъйии журналистонро умедвор шавем?”
Ба гуфтаи муаллиф дар ин сурат, тавозун, ки донорҳо ва ташаббускорон доимо аз зарурату сарфи назар шуданаш вазъ мегӯянд, риоя мегардид.
Нашрияи “Садои мардум” дар мақолаи дигаре бо номи “Ноҳияи Ховалинг. Аз норасоии ҷойи нишаст то мизу курсиҳои фарсуда…” навиштааст, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-и деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг, роҳрав ва фаршҳои дохили синфхонаҳо шикаста, деворҳо кафидаю корношоям буда, ҳангоми боридани борону барф аз болои бом об ба дохили синфхонаҳо мерезад. Аз сӯи дигар ба иттилои Раёсати молияи ноҳия соли 2021 барои таъмири ҷории муассисаи таълимии зикршуда аз буҷети маҳаллӣ ҳамагӣ се ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Муаллиф дар фарҷоми мақола савол гузоштааст, ҳоло аз раиси ноҳияи Ховалинг пурсиданием, ки агар нисфи маблағе, ки барои таъмири хонаи хизматии худ дар ҳаҷми 350 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст, барои харидории мизу курсӣ сарф кунад, чӣ мешавад? То ба кай хунукназарӣ нисбат ба муассисаҳои таълимии ноҳия идома меёфта бошад?
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 11 май дар мақолае бо номи “Тасодуфе, ки ҳушдор медиҳад” чоп карда, ҳодисаи партоби чанд мушак аз сӯи Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистонро, ки рӯзи 7 май рух дод баррасӣ кардааст. Ба иддаои муаллиф Толибон тавони назорати сарҳадҳои Афғонистонро надоранд, ки ин ҳолат барои кишварҳои ҳамсоя, бахусус Тоҷикистон метавонад мушкилзо гардад. Дар ҳоле ки нахуст пеш аз ин ҳамчунин ҳамла ба қаламрави Ӯзбекистон аз хоки Афғонистон сурат гирифта буд.
Аз сӯи дигар дар ин матлаб таъкид мешавад, ки бархе аз коршиносон партоби чанд мушак аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро фишори Толибон ба ҳукуматҳои Осиёи марказӣ ва иддае дигар ин ҳодисаро нишони густариши фаъолияти ДИИШ донистаанд.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре нархи аслии истеҳсоли картошкаро ҳисоб карда, ба хулосае расидааст, ки фоидаи аз ҳама бештарро на деҳқон, балки миёнравон дар бозор ба даст меоранд. Ба ҳисоби муаллиф барои гирифтани ҳосили картошка аз 1 гектар замин деҳқон наздики 20 ҳазор сомонӣ барои шудгор, тухмӣ, нуриҳои минералӣ, об, андоз ва ҳамлу нақл масраф мекунад. Муаллиф дар идома менависад, дар ин миён тоҷирон картошкаи деҳқонро аз сари замин бо нархи 2 сомонӣ мехаранд, ки ба ҳисоби миёна картошкапарвар аз ҳар киллограмм маҳслуот танҳо 69 дирам фоида мегирад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 12 май дар матлабе навиштааст, ки кишварҳои Осиёи марказӣ солона аз паёмадҳои тағйирёбии иқлим 507 млн. доллар зарар хоҳанд дид. Муаллиф аз қавли коршиносон навиштааст, ки агар иқдомоти муассире барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим андешида нашавад, имкон дорад то соли 2050 дар Тоҷикистон ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ 30 дарсад коҳиш ёбад.
Инчунин имкон дорад дар ин муддат маҷрои об дар ҳавзаи рӯди Сирдарё аз 2 то 5 дарсад ва дар ҳавзаи Амударё то 10-15 дарсад кам шавад, ки ин ҳолат мушкилоти камбуди об дар минтақаро сангинтар хоҳад кард.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре мушкилоти таъминоти сокинони шаҳри Бустони вилояти Суғдро бо оби тоза матраҳ кардааст. Ба навиштаи муаллиф бо фаро расидани фасли гамро сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Бустон бо мушкилоти дастрасӣ ба об рӯ ба рӯ мешаванд. Муродалӣ Тағоев сармуҳандиси корхонаи обу корези вилояти Суғд дар ин замина гуфтааст, ки сабаби асосии ин ҳолат лулаҳои фарсудаи обрасонии боқимонда аз солҳои 50-уми асри гузашта аст.
Ба гуфтаи вай барои навсозии шабакаи обрасонӣ иваз намудани 40 км. лулаҳои обгузар дар шаҳри Бустон лозим аст, ки то ҳол танҳо 12 км. аз ин лулаҳо нав карда шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди номбурда шаҳри Бустон дорои захираҳои зиёди обҳои тозаи зеризаминӣ буда, имкон доранд, ки натанҳо сокинони шаҳр, балки деҳаҳои атрофро низ бо оби ошомиданӣ таъмин кунад.
Ҳафтаномаи “СССР” дар шумораи рӯзи 12 май дар мақолае масъалаи тарки пеша кардани муаллимони мактабҳои миёна дар Тоҷикистонро баррасӣ карда, навиштааст, ки танҳо дар соли таҳсили 2021-2022 беш аз 14 ҳазору 700 нафар омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз кор рафтаанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки аз ин миён 7327 нафар муаллим ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ва ин раванд аз ҳама бештар дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд мушоҳида мешавад. Муаллиф таъкид мекунад, ки тибқи таҳлилҳо тайи шаш соли охир эҳтиёҷ бештар аз ҳама ба муаллимони фанҳои математика, геометрия, таърих ва ҳуқуқ, забони русӣ, забони англисӣ, химия, физика, биология ва география будааст. Ба хулосаи муаллиф агар муаллимони ҷавонро аз хизмати ҳарбӣ озод накунему моши хуб надиҳем, шояд дар оянда тавассути ба истилоҳ “облава” онҳоро қапида ба мактаб барем.
Давлатов О.
радиои “Тоҷикистон”