Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Имрӯз, 13 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа иштироки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, инчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар назар аст.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор сурат гирад.