Шоми дирӯз Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Маулен Ашимбаевро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Дар ҷараёни сафар Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистонро муовини ӯ, раиси Кумита оид ба молия ва буҷет, аъзои якчанд кумитаҳои Сенат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.