Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи қоравии ҷудо – Almaty Asian Cadet & Junior Cup 2022 иштирок меварзанд

Аз 13-ум то 15-уми майи соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи қоравии ҷудо – Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон (Cadets & Juniors Asian Judo Cup Almaty 2022) баргузор мегардад. Баргузории мусобиқа ба хотири Бакет Махмутов – ходими намоёни варзиши қазоқ бахшида шудааст. Макони баргузории мусобиқа қасри варзиши ба номи Балуан Шолаки шаҳри Алмаато интихоб гардидааст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5-нафар миёни наврасон, 8-нафар миёни ҷавонон, дар умум 13-варзишгар намояндагӣ мекунад. Рақобатҳо байни наврасон рӯзҳои 13-ум 14-уми май ва миёни ҷавонон 14-ум 15-уми май баргузор мешаванд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш хабар додааст.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон:
Наврасон:
-52кг | Фотимахон ГАДОЕВА
-55кг | Ҷасур ЛУТФИШОЕВ
-60кг | Худодод ШАНБИЕВ
-66кг | Ҷаъфари ҶАЪФАР
-66кг | Муссо САЪДУЛЛОЕВ

Ҷавонон:
-66кг | Саидашраф ЛОИҚОВ
-66кг | Абуҳанифа ҚУРБОНБОЗОР
-66кг | Абубакр ШЕРОВ
-73кг | Ҳоҷибек МУХТОДОВ
-81кг | Сунатулло ЛОИҚОВ
-81кг | Мизробшо ЛОИҚОВ
-90кг | Мӯҳсин МАЛАЕВ
-100кг | Парвиз АБДУРАҲМОНОВ

Дар мусобиқа миёни наврасон 300-варзишгар (197-мард ва 103-зан) аз 6-кишвари Осиё, байни ҷавонон 239-варзишгар (153-мард ва 86-зан) аз 6-кишвари қора ширкат меварзад.