Варзишгарони навраси тоҷик аз мусобиқаи каратэ-кёкушинкайи Чемпионати Осиё миёни варзишгарони аз 8 то 15-сола, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардид, 3 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи мазкур зери роҳнамоии сармураббии мунтахаби кишвар Сайдаҳмад Раҳмонзода ширкат варзиданд.
Ба иттилои ин ниҳод, Муҳаммадалӣ Махсутов дар рӯзи аввали мусобиқа миёни наврасони 16-17-сола дар вазни то 60 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Ҳамчунин Фараҳманд Одиназода дар ҳамин син дар вазни то 75 кило ба гирифтани медали нуқра даст ёфт. Суҳроб Назаров миёни калонсолон дар вазни то 75 кило дар даври ниҳоӣ шикаст хӯрда, ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид.
Ҳамин тариқ, дар рӯзи аввали мусобиқа 3 тан варзишгари тоҷик ба гирифтани нишони фахрӣ даст ёфта, дар рӯзи дуюми мусобиқа 9 нафар варзишгари тоҷик дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ намуданд. Миёни кӯдакони 8-9-сола дар вазни беш аз 40 кило варзишгари умедбахш Аслан Насуллоев унвони қаҳрамони Осиё дар риштаи каратэ-киокушинкай гардид.
Варзишгари дигари кишвар Юсуф Одиназода дар вазни то 50 кило ба гирифтани медали тиллои мусобиқа даст ёфт. Ҳамчунин Эҳсон Идибеков дар вазни то 45 кило бо шикаст додани ҳамаи ҳарифонаш ба гирифтани медали тилло ба даст овард. Ҷовидон Сафарзода миёни кӯдакон дар вазни то 25 кило ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардид. Муҳаммад Размонзода ҳам дар вазни то 28 кило ба гирифтани медали биринҷии чемпионати Осиё даст ёфт.
Варзишгарони тоҷик аз Чемпионати Осиё дар риштаи каратэ-кёкушинкай бо 3 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба Ватан бармегарданд.