Аз 11 то 14 май дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии кишварҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон барпо мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур таҳкиму густариши робитаҳои судманди фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии ҳарчи бештари санъату ҳунари миллӣ гуфта мешавад.
Маросими ифтитоҳи фестивал рӯзи 11 май, соати 18.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардида, барномаи ҳунарии кишварҳои иштирокчӣ 12 май дар шаҳри Норак ва 13 май дар шаҳри Ҳисор идома меёбад.