Рӯзи 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо истиқбол гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд.
Дар ин маросим ҳамчунин, аз номи Маҷлиси Олӣ раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз номи Ҳукумати мамлакат Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои қудратӣ, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва Пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузоштанд.
Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ бо амри сардори ротаи қаровули фахрии гарнизони Душанбе гузашти низомии ротаи қаровули фахрӣ баргузор шуд.