МУШТЗАНБОНУВОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ШИРКАТ МЕВАРЗАНД

Аз 6-ум то 21-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа иштироки 419-варзишгар аз 93-кишвари дунё дар назар аст. Мусобиқа аз рӯи 11-вазн баргузор мегардад.

Тибқи иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ҳайати мунтахаби кишвари моро дар ин мусобиқаи бонуфуз 4 варзишгар — Сумайя Қосимова (-48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63кг) намояндагӣ мекунанд. Ҳайати сафарбаршударо сармураббӣ Мирзо Шамсиев роҳбарӣ менамояд.

Муштзанбонувони тоҷик қабл аз баргузории Чемпионати ҷаҳон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуданд.

Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолибону ҷоизадорони ин мусобиқа маблағеро ба даст меоранд, ки мардҳо дар чемпионати ҷаҳон-2021 соҳиб шуда буданд.

Ҷои 1-ум: 100000 доллари ИМА;
Ҷои 2-юм: 50000 доллари ИМА;
Ҷои 3-юм: 25000 доллари ИМА;
Ҷои 3-юм: 25000 доллари ИМА.