Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нозири андози шаҳри Ваҳдатро барои талаб кардани 10 ҳазор сомонӣ аз як соҳибкор боздошт намуд.
Тавре сомонаи расмии Агентӣ хабар медиҳад, як соҳибкор ба ин ниҳод муроҷиат карда, арз доштааст, ки мутахассиси пешбари Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат барои қатъи фаъолияти соҳибкорӣ аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
Ба иддаои муроҷиаткунанда, масъули андоз аз маблағи талабнамудааш 5 ҳазор сомониро гирифта, овардани пули боқимондаро талаб намуда истодааст.
Агентӣ мегӯяд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ нозири андоз баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5 ҳазор сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Манбаъ афзуд, ки алайҳи муттаҳам бар асоси моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Назари худи нозири андоз дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
Ошкори ҳолати фасодкорӣ зимни қатъи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳолест, ки бар асоси омори расмӣ дар Тоҷикистон тайи семоҳаи аввали соли равон беш аз 7,3 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ корашонро қатъ кардаанд.
Таъкид шудаст, ки аз миёни субъектҳои хоҷагидории фаъолияташон қатъшуда, 319 ададашон шахсони ҳуқуқӣ ва беш аз 7 ҳазорашон соҳибкорони инфиродӣ мебошад.