«Истиқлол» бозии охирашро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо пирӯзӣ ҷамъбаст кард

Бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи «А», бо дастаи «Шарҷа»-и Аморати Муттаҳидаи Араб вохӯрӣ анҷом дод. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи байналмилалӣ ба номи Шоҳ Фаҳди шаҳри Риёз баргузор гардида, бо натиҷаи 2:0 ба фоидаи бошгоҳи «Истиқлол» ба поён расид.

Аз ҳайати тими «Истиқлол» дар дақиқаи 14-ум Эрик Бокум ҳисоби бозиро кушод ва дар лаҳзаҳои охири рақобат, аниқтараш дар дақиқаи 90+1 Владислав Касминин ҳисоби бозиро 2:0 намуда, голи ғалабаовари «Истиқлол»-ро ба самар расонид.

«Истиқлол» дар гурӯҳи «А» бо касби 3-имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифта аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Аз гурӯҳи «А» бошгоҳи «Ал-Ҳилол» ва «Ал-Райян» бо касби 13-имтиёзи роҳхати даври плей-оффро ба даст оварданд.

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022

Гурӯҳи «А»

Даври 6-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шарҷа» (АМА) – 2:0

Голҳо: Эрик Бокум, дақиқаи 14-ум (1:0). Владислав Касминин, дақиқаи 90+1 (2:0).

                   Сорбон Амонуллозода