Нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе ба муҳимтарин масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон, аз ҷумла сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар, зарурати рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон ва афзоиши хатари экстремизму терроризм аз Афғонистон таваҷҷуҳ кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 27 апрел дар мақолае масъалаи роҳҳои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистонро таҳлил карда навиштааст, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 аз кишвар 25,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 10,6 миллион доллар ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 7,5 миллион доллар ё 3,4 маротиба зиёд аст. Илова бар ин, дар ин муддат бо мақсади дарёфти бозорҳои нав 16,8 миллион дона тухм аз кишвар содирот гардидааст.
Ҳамзамон муаллиф аз қавли коршиносон навиштааст, ки тибқи таҳлилҳо дар заминаи рушди содирот масоили зиёди ҳалталаб, аз ҷумла норасоии марказҳои муосири логистикӣ, дарёфти бозори фурӯш ва дигар навъҳои хидматрасонӣ, ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набудани сифати маҳсулот ва таваҷҷуҳи нокифоя ба низоми маркетинг ва менеҷмент мавҷуд аст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигари ин шумораи худ масъалаи беэътиноии бархе масъулон дар иҷрои фармони №622-и Президенти ҶТ «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф барои мисол нашрия дар соли 2019-ум 150 мақолаи танқидиву таҳлилӣ чоп кард, вале то ба имрӯз ҳамагӣ ба 29 мақола вокуниш расидааст.
Муаллиф дар идома менависад, ба ҳамин монанд нашрияи “Ҷумҳурият” дар семоҳаи аввали соли 2022-юм 22 мақолаи танқидию таҳлилиро ба нашр омода кард, вале танҳо ба 3 матлаб вокуниш расидааст. Дар фарҷоми матлаб муаллиф савол гузоштааст, ки бо назардошти бетаваҷҷуҳии аксари роҳбарон барои иҷрои фармони 622, магар вақти он нарасидааст, ки ҷараёни иҷрои он дар мақомоти салоҳиятноктаре мавриди таҳлилу чораҷӯӣ қарор бигирад?!
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 26 апрел ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро мақомоти маҳаллӣ барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии замин маблағ ҷудо намекунанд? Ба навиштаи муаллиф, аз ҷониби баъзе аз идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо иҷрои корҳо мувофиқи мақсад нест. Чунин ҳолат дар идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои Душанбе — 25 фоиз, Ваҳдат — 84, Рашт — 23, Нуробод — 57, Сангвор — 59, Зафаробод — 63, Тоҷикобод — 80 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 фоиз ҷой дорад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар мақолаи дигаре аз беадолатӣ зимни пардохти кумакпулиҳо дар ноҳияи Шаҳринав навиштааст. Муаллиф дар ин матлаб масъалаи пардохти кумакпулӣ ба ҷавонони аз хидмати ҳарбӣ мураххасшударо баррасӣ карда, ба хулосае омадааст, ки дар ин ноҳия ба бархе ҷавонони дар сафи артиш хидматкарда, кумакпулӣ ба таври комил пардохт нашудааст, аз ҷумла ба чанд нафар ба ҷойи 1200 сомонии муқарраршуда, танҳо ба маблағи 100 ё 150 сомонӣ кумакпулӣ додаанду халос.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 27 апрел дар мақолае бо номи “Муҳоҷират ба Британия” масъалаи сафарбарии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба ин кишварро баррасӣ карда навиштааст, ки то ҳол барои 69 нафар даъватномаи кор дар Британия омадааст. Ба навиштаи муаллиф, яке аз шартҳои асосӣ барои кори мавсимӣ дар Британия донистани забони англисӣ ҳаст, ки аз миёни довталабон танҳо 244 нафар баъди суҳбат бо корфармо интихоб шудаанд. Ин нукта бори дигар зарурат ва аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони анлисиро бозгӯ мекунад.
Муаллиф аз қавли коршиносон навиштааст, ки бо таваҷҷуҳ ба сангин шудани шароити кор дар Русия муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи маош ва шароити кори беҳтар озими Аврупо, Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ мешаванд. Барои мисол дар Британия ҳар соати корӣ 12 доллар буда, шароити будубош ва муносибати корфармо бо коргарон ба маротиб беҳтар аст.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре навиштааст, ки дар арафаи иди Рамазон Арабистони Саудӣ барои зоирони тоҷик зиёрати хонаи Худоро иҷозат дод. Гуфта мешавад, ки имсол барои анҷоми маросими ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон 3562 саҳмия ҷудо шудааст, ки назар ба солҳои қаблӣ 1438 нафар камтар аст.
Ҳамзамон Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳое низ барои сафари зоирон муқаррар кардааст, аз ҷумла шахсони аз 65-сола боло наметавонанд ба ин кишвар сафар кунанд. Инчунин зоирон бояд зидди коронавирус ваксина гирифта, қабл аз сафар маълумотномаи натиҷаи манфии озмоиш аз COVID-19 дошта бошанд. Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин гуфтааст, дар навбати аввал нафароне ба зиёрати хонаи Худо фиристода мешаванд, ки ду сол қабл ба далели пандемия сафарашон барои анҷоми маросими ҳаҷ лағв шуда буд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 28 апрел дар мақолае ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро дар Тоҷикистон мизони истифода аз пардохтҳои ғайринақдӣ хеле кам аст? Муаллиф дар ин замина бо такя ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон навиштааст, ки дар кишвар ба ҳолати аввали соли 2022 3,5 миллион дорандаи корти бонкӣ ба қайд гирифта шуда, ин нишондод нисбати соли 2021 25% зиёд аст. Инчунин шумораи ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзӣ низ зиёда 3,5 миллион адад аст, ки дар қиёс ба соли гузашта 2,1 баробар зиёд шудааст.
Аммо муаллиф таъкид мекунад, ки бо вуҷуди ин ҳама пешрафтҳо, таносуби пардохтҳои ғайринақдӣ дар амалиётҳои хариду фурӯш ва пардохти хидматрасониҳо ҳамагӣ 10 дарсадро ташкил медиҳад.
Ба навиштаи муаллиф, яке аз сабабҳои чунин ҳолат набудани инфрасохтори зарурӣ барои пардохтҳои ғайринақдӣ дар манотиқи дурдасти кишвар аст, зеро 70 дарсади аҳолии кишвар дар деҳот ба сар мебаранд. Мушкилоти дигар дар роҳи рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар, сатҳи эътимоди ками мардуми одӣ ба низоми бонкӣ, суръати пасту нархи гарони интернет ва омода набудани тоҷирон барои фаъолияти шаффоф гуфта мешавад.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 28 апрел дар мақолаи муфассале дар мавриди сафари ахири кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара бо номи “Исфара: Сад ранги як нигин” чоп кардааст. Муаллиф навиштааст, ки дар се соли охир дар шаҳри Исфара ба маблағи умумии 610 миллион сомонӣ 510 иншоот бунёд гардида, барои 1800 нафар ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.
Нашрияи “Фараж” дар ин шумораи худ ҳамчунин мақолаи журналист Далери Абдуллоро нашр кардааст, ки дар он муаллиф аз сукути аҳли зиё ва равшанфикрон ба ҳамлаҳои иттилоотӣ аз хориҷи кишвар, бо лаҳни тунд интиқод кардааст. Муаллиф иддао кардааст, ки вокуниши лашкари 300 ҳазораи зиёӣ дар қиболи сафсатапарокании ба ном мухолифон аслан чашмрас нест.
Зиёратшоҳи Аҳмад,
Радиои “Тоҷикистон”