Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Сзӣ Шумин дидору гуфтугӯ намуд, хабар доданд аз вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Чин дар соли 2021 то ба 839,3 млн. доллари ИМА ё 77,5 фоиз нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфтааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, иқтисоди сабз, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд.
Гуфта мешавад, бо мақсади таҳкими минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд Барномаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (то соли 2025) 5 феврали соли 2022 ба имзо расонида шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки қайдгардида баён намуданд.