Агентии мубориза бо коррупсия ду мақомдори ноҳияи Рӯдакиро барои суиистифода аз мансаб ва бо роҳи қаллобӣ омода кардани шиносномаи техникии манзили истиқомаӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин боздошт намудааст.
Ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, оҷонсӣ дар пайи муроҷиати шаҳрванд «А» мутахассиси пешбар дар масъалаҳои андоз ва бойгонии ҷамоати деҳти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Ҳ.С.-ро дастгир кардааст.
Манбаъ гуфт, номбурда дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муовини раиси ҷамоати мазкур З.Г. аз шаҳрванд “А” дар хусуси мусоидат намудан ҷиҳати омода карда додани асноди марбут ба замин 13000 сомонӣ талаб намудаанд.
«Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ Ҳ.С. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 13000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд»., – афзуд манбаъ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати З.Г. ва Ҳ.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.
Дар сурати тасдиқ шудани ин иттиҳомот боздоштшудаҳо аз 1460 то 2190 нишондиҳанда ҷарима ё аз 8 то 12 сол аз озодӣ маҳрум мегарданд.