Шурӯъ аз 30 март дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Беларус баргузор мегардад. Чорабинӣ то 1 апрел идома мекунад. Дар ин бора “Тоҷикфилм” хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, филмҳои истеҳсоли Беларус дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ намоиш дода мешавад.
Барномаи Рӯзҳои кинои Беларус дар Тоҷикистон:
30.03.2022, соати 10:00, ноҳияи Файзобод, кинотеатри «Рӯдакӣ», филми «Замони ҷанг одам будан»;
31.03.2022, соати 19:00, шаҳри Душанбе, кинотеатри «Наврӯз», филми «Ахтарони осмони ҳафтум»;
31.03.2022, соати 10:00, шаҳри Душанбе, кинотеатри «Ватан», филми «Ахтарони осмони ҳафтум»;
31.03.2022 соати 10:00, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Қасри фарҳанг, фалми «Моҷароҳои Прантиш Вирвич»;
01.04.2022, соати 15:00, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Қасри ҷавонон филми «Арвоҳи Киндервил»;
31.03.2022 соати 10:00, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ш. Хорӯғ, Театри вилоятӣ, филми «Қисмати тахрибкор»;
31.03.2022 соати 10:00, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кинотеатри Лоҳутӣ, филми «Қисмати тахрибкор»;
01.04.2022, соати 11:00, шаҳри Душанбе, кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров, филми «Арвоҳи Киндервил»
01.04.2022, соати 15:00, шаҳри Душанбе, кинотеатри «Зебуннисо», филми «Қисмати тахрибкор»
01.04.2022, соати 14:00, шаҳри Ҳисор, Қасри фарҳанг, филми «Моҷароҳои Прантиш Вирвич».