Дар Варзишгоҳи марказии Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ишғоли зинаи сеюми ифтихорӣ дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон вохӯрӣ намуданд.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 54-уми дидор ниммуҳофизатгари мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев аз зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) ба самар расонида, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард.
Дидори дастаҳо бо натиҷаи минималии 1:0 ба фоидаи шогирдони мутахассиси хорватӣ – Петр Сегрт ба анҷом расид.
Бояд қайд намуд, ки дар ин вохӯрӣ довар 4-корти сурх ба бозингарони ҳарду тим нишон дод.
Ҳамин тариқ, тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ барои ба даст овардани ҷойи сеюм, тими футболи Қирғизистонро шикаст дода, зинаи сеюми ифтихориро соҳиб гардид.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”