Акс: бойгонӣ
Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси созмони мазкур доир мегардад, бо сафари корӣ ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон рафт.
Тавре дафтари матбуоти парлумони кишвар хабар медиҳад, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато Рустами Эмомалиро Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони расмии Сенати Парлумони Қазоқистон пешвоз гирифтанд.
Дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони як қатор кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.