«Ҷоми Наврӯз-2022»: Тоҷикистон аз Уганда шикаст хӯрд

Тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022», ки дар Намангон баргузор гардида истодааст, аз тими миллии Уганда шикаст хӯрд.

Вақти асосии бозӣ бо натиҷаи 1:1 мусовӣ ба поён расид. Ғолибро зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ муайян кард.

Дар зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) футболбозони Уганда бо бартарии 5:4 ғолибиятро ба даст оварданд.

«Ҷоми Наврӯз-2022»

Даври нимфинал

Уганда — Тоҷикистон 1:1

Аз рӯи зарбаҳои ҷаримавӣ (пеналтӣ) – 5:4

Сорбон Амонуллозода,

Радиои «Тоҷикистон«