Ҷашни асосии Наврӯз имсол дар вилояти Хатлон баргузор мегардад. Дар ин бора “pressa.tj” хабар дод.
Гуфта мешавад, макони баргузории ин ид шаҳраки наве дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҳад шуд. Ҳанӯз панҷ сол қабл бо саҳми соҳибкорон дар ин ноҳияи бунёди шаҳраки нав ва варзишгоҳи бузург оғоз шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, барои бунёди ин шаҳрак 200 миллион сомонӣ масраф гардидааст ва ҳамакнун маросими ифтитоҳи шаҳраки нав дар рӯзи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ сурат мегирад.
Зикр мегардад, ки бунёди чунин шаҳрак дар вилояти Хатлон бесобиқа аст. Варзишгоҳе, ки дар ноҳияи мазкур сохта шуд, имкони ҷо додани 15 ҳазор тамошобинро дорад.
Манбаъ меафзояд, рӯзи 21-уми март Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ баргузор мешавад.
Аммо ин манбаъ нагуфтааст, ки дар ин ҷашн худи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат меварзад ё на.
Қаблан шаҳрдорӣ хабар дода буд, ки аз 21 то 24 марти соли равон дар шаҳри Душанбе барномаҳои идонаи наврӯзӣ баргузор мешаванд.
Мардуми Тоҷикистон имсол дар Наврӯз панҷ рӯз истироҳат мекунанд.