Иштирокчии чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи «А», ки «Истиқлол»-и Душанбе дар ин гурӯҳ ҳунарнамоӣ мекунад, маълум гардид.
Пас аз ба анҷом расидани бозии ҷамбастии даври плей-офф байни дастаҳои «Шарҷа» (АМА) ва «Ал-Завра» (Ироқ) иштирокчии чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи «А» муайян гардид. «Шарҷа» рақибро дар силсилазарбаҳои ҷаримавӣ (пеналтӣ) бо ҳисоби 6:5 шикаст дод. Бошгоҳи «Шарҷа» (АМА) дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон), ҳунарнамоӣ мекунад.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи «А» бо ширкати қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе аз 8-ум то 27-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон”