Акс аз манбаъҳои интернетӣ
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки шароит ва инфрасохтор барои гузариши тиҷорат аз шакли маъмулӣ ба электронӣ дар кишвар тақвият дода шавад.
Ин нукта дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди президент садо додааст. Дар ин бора дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур Эмомалӣ Раҳмон ба бартариятҳои тиҷорати электронӣ дар шароити пандемия, коҳиш ёфтани хароҷот вобаста ба ташкили савдо ва амалиёт ба таври ғайринақдӣ бо сарфаи вақт ишораҳо кардаанд.
Раҳбари давлат Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази миллии қонунгузориро вазифадор кардаанд, ки ҳарчи зудтар барои таҳия ва қабули Қонун бораи тиҷорати электронӣ тадбир андешанд. Таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди тиҷорати электронӣ ва барномаи амал барои татбиқи он аз супоришҳои дигари президент будаанд.
“Стратегия ва барномаи амал бояд маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани малакаи рақамӣ ва молиявии аҳоливу соҳибкорон, рушди инфрасохтор ва логистикаи тиҷорати электронӣ, такмил додани гардиши ҳуҷҷатҳо ва пардохтҳои электронӣ фарогир бошад”, – омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар амалиёти тиҷоратӣ, истифодаи васеи кортҳои бонкӣ ва мобилӣ, коҳиш додани ҳаҷми тиҷорат бо пули нақд, ҷорӣ намудани расидҳои электронӣ ва дигар ҷанбаҳои рушди соҳа амалӣ гарданд.