Ифтитоҳи парванда алайҳи нозири шуъбаи муҳоҷират барои сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳоҷири тоҷик

Сомонаи хабарии pressa40.ru менависад, ки додситонии шаҳри Людиновск ифтитоҳи парвандаи ҷиноиро тибқи қисми 1 моддаи 285 Кодекси ҷиноятии ФР аллайҳи нозири шуъбаи муҳоҷират дар ин минтақа, қонунӣ донист.

Ба гуфтаи ин манбаъ, амалкарди ғайриқонунии нозири шуъбаи муҳоҷирати ВКД ФР дар ноҳияи Людиновскро раёсати амнияти дохилии Русия дар вилояти Калуга дар ҳамкорӣ бо Хадамоти федеролии амният, ошкор кардаанд.

Дафтари матбуотии додситонии ин вилоят, гуфтааст, ки Алена Шенкс нозири шуъбаи муҳоҷират бо суистифода аз ваколатҳои кории худ як шаҳрванди Тоҷикистонро бо роҳи тақалубкорӣ сабти ном кардааст.

Дар ҳоли ҳозир маъалаи аз кор ихроҷ кардани корманди мазкур мавриди баррасӣ қарор дошта, дар сурати собит шудани гуноҳаш нозири шуъбаи муҳоҷиратро то чаҳор сол зиндон интизор аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *