Ҳафтаи синамо дар Тоҷикистон: Намоиши филмҳои “Падари маҳтобӣ”, “Сафарӣ ҳавоӣ” ва “Автобус”

Коллаж / Радиои “Тоҷикистон”

Дар доираи Нахустин ҷашнвораи филмҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки 13 то 18 март баргузор мегардад, 6 филми тоҷикӣ намоиш дода мешавад.

Тавре сомонаи расмии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар медиҳад, филми “Падари маҳтобӣ”-и коргардон Бахтиёр Худойназаров, “Сафари Ҳавоӣ” – Далер Раҳматов, “Автобус” – Абдулҳай Зокиров, “Қатли рӯбоҳ” – Фирдавс Нину”, “Фарангис” ва “Мардони рақсанда” – Лолисанам Улуғова дар ҷашнвора ба намоиш гузошта мешавад.

Гуфта мешавад, Ҷашнвораи филмҳои Тоҷикистону ИМА ба ифтихори 30-юмин солгарди равобити Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат мегирад.

Барномаи намоиши филмҳо:   

14.03.2022, соати   17:00:  филми ҳунарии «Падари моҳтобӣ»-и коргардон Бахтиёр Худойназаров. Макони баргузорӣ: “Тоҷикфилм”

16.03.2022, соати 17:00:  филми ҳунарии «Автобус»-и коргардон Абдулҳай Зокиров. Макони баргузорӣ: “Тоҷикфилм”

17.03.2022, соати 18:00: филми мустанади “Фарангис” ва “Мардони рақсанда”-и коргардон Лолисанам Улуғова. Макони баргузорӣ: Маркази амрикоии шаҳри Душанбе.

18.03.2022, соати 14:00:  филми ҳунарии «Сафари ҳавоӣ»-и коргардон Далер Раҳматов. Макони баргузорӣ: “Тоҷикфилм”.