Баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон

14 марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумуҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода вобаста ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар як қатор  муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар бораи сомонаи расмии ин Вазорат хабар медиҳад.

Дар ҷаласа вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ таҳлил ва баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки айни замон масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар ин самт пайваста тадбриҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар анҷоми ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби муовини вазир Зулфия Абдусаматзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.