«Бавария» ба осонӣ ба даври 1/4 финали Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо роҳ ёфт

Дар бозии ҷавобии даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳои Аврупо байни дастаҳои «Бавария» ва «Залтсбург» бозии ҷолиб доир гардид.

Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Алянс Арена»-и шаҳри Мюнхен баргузор шуд ва соҳибони майдон тавонистанд дарвозаи «Залтсбург»-ро голборон намуда, пирӯзии калонро соҳиб шаванд. Бозӣ бо натиҷаи 7:1 ба фоидаи футболбозони «Бавария» ба анҷом расид. Ҳамлавари полшагии бошгоҳи «Бавария» Роберт Левандовски тавонист, дар ин рақобат ба дарвозаи меҳмонон 4-гол ворид намуда, рекорди навро дар Лигаи Чемпионҳои Аврупо ба қайд гирад.

Ҳамин тариқ бошгоҳи «Бавария» дар ду бозӣ бо ҳисоби усумии 8:2 ғалаба карда, ба даври 1/4 финали Лигаи Чемпионҳои Аврупо дар мавсими 2021/2022 роҳ ёфт.