Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бар асоси фармони Президенти кишвар, ки ахиран имзо шуд, узви мустақили раёсати Бонки миллии ҷумҳурӣ таъйин гардид. Дар ин бора “Sputnik Тоҷикистон” хабар медиҳад.
Ҳамчунин тибқи ин фармон, Шукрулло Хайрзода низ ҳамчун узви мустақил шомили раёсати Бонки миллии Тоҷикистон узви мустақил шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки Қобилҷон Хушвахтзода доктори илмҳои иқтисодӣ буда, аз соли 2020 дар мақоми ректори калонтарин мактаби олии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Бино ба корномаи Хушвахтзода, ӯ 5-уми июни соли 1982 дар ноҳияи Данғара дар оилаи муаллим таваллуд шуда, то замони касб кардани мақоми ректорӣ дар вазифаи декани факултаи молиявию иқтисодии ДМТ кор кардааст.
Узви мустақили дигари раёсати Бонки миллӣ Шукрулло Хайрзода мебошад, ки ахиран бо қарори ҳукумати кишвар муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ гардид.
Фаъолияти Хайрзода аз Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон оғоз шуда, аз мудири кафедраи фаъолияти бонкии ин донишгоҳ то ба мақоми ректории Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод расидааст.