Дар бозии финалии Ҷоми Лигаи Англия дар мавсими 2021/22 дастаҳои “Челсӣ” ва “Ливерпул” бо ҳам рақобат намуданд. Дидори дастаҳо дар майдони “Уэмблӣ”-и шаҳри Лондон баргузор гардид.
Дастаҳо муқобили ҳамдигар рақобати арзанда нишон доданд ва ғолиб дар вақти асосӣ ва дар вақти изофӣ муайян нагардид. Барои муайян намудани ғолиб довар зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ таъин намуд. Футболбозони “Ливерпул” дар иҷрои зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ, аз шогирдони Томас Тухел бартарӣ нишон дода, бо ҳисоби 10-11 ғалабаро соҳиб шуданд. Ҳамин тариқ, бошгоҳи “Ливерпул” Ҷоми Лигаи Англияро дар мавсими 2021/22 ба даст овард.
Бори охир сурхпӯшони “Ливерпул” ин ҷоизаро дар мавсими солҳои 2011/2012 соҳиб шуда буданд.
“Ливерпул” ин ҷоизаро маротибаи нӯҳум ба даст овард. Бошгоҳи “Манчестер Ситӣ” дар ин мусобиқа ҳашт пирӯзӣ, “Челсӣ”, “Манчестер Юнайтед” ва “Астон Вилла” панҷ ғалаба доранд.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”