Суҳроб Муродов, раиси ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён барои “қонунӣ” кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз як шаҳрванд 20 000 сомонӣ пора гирифтааст. Дар ин бора Агентии зидди фасод хабар дод.
Манбаъ мегӯяд, Муродов ҳангоми иҷрои фаъолияти корӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ҷудо намуда додани 0,04 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии ба номи “Д.Нуриддинов” 15 000 сомонӣ гирифта, барои минбаъд ҳуҷҷатгузорӣ намудани он 20 000 сомонӣ талаб намудааст.
“Дар натиҷа зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди гирифтани маблағи 20 000 сомонӣ номбурда аз ҷониби кормадони Агентӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далел дарёфт карда шуд”, – омадааст дар сомонаи агентӣ.
Манбаъ меафзояд, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Суҳроб Муродов бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои «а» «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.