Дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба кураш барпо мегардад

Дар Душанбе рӯзҳои 17-22 март ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи гуштини тарзи кураш Чемпионати Осиё баргузор мегардад. Дар баробари ин мусобиқаи бонуфуз Сеюмин мусобиқаи байналмилалии гуштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Пойтахт низ баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпӣ хабар доданд.

Гуфта мешавад, мусобиқаи гуштини кураши Чемпионати Осиё дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ ва Мусобиқаи байналмилалии гуштингирӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор мегардад.

Дар мусобиқаи байналмилалии гуштингирӣ мардҳо аз рӯйи 5 вазн: -60кг, -70кг, -80кг, -90кг, +90кг ва занҳо аз рӯи 3-вазн: -52кг, -70кг, -87кг ширкат меварзанд.

Ба гузориши манбаъ, ғолиби асосии ин сабқатҳо соҳиби автомобил мегардад. Ҷоизадорон миёни мардҳо ва ғолибону ҷоизадорон миёни бонувон аз тарафи кумитаи тадорукот бо ҷоизапулӣ сарфароз гардонида мешавад. Ҷоизадорони медали нуқра миёни мардҳо 38646 сомонӣ, барандагони медали биринҷӣ 12882 сомонӣ, миёни бонувон барандагони медали тилло 38646 сомонӣ, барандагони медали нуқра 25764 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ 12882 сомонӣ  мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Сорбон Амонуллозода,

Радиои “Тоҷикистон”