Вазорати корҳои хориҷи аз боздошти марде хабар медиҳад, ки ба қаллобӣ ба ҳаҷи махсусан калон айбдор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 31-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки номбурда, моҳи июни соли 2019 дар назди хонаи истиқоматиаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес ҶЛ», ки арзишаш 44 ҳазору 500 сомонӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес СЛС», арзишаш 34 ҳазори 500 доллари амрикоӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи »Лексус-ЛХ», арзишаш 30 ҳазор доллари амрикоӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-С», арзишаш 15 ҳазор доллари амрикоӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи «Ауди А-5», арзишаш 13 ҳазор доллари амрикоӣ, 1-адад хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 108-метри мураббаъ, арзишаш 43 ҳазору 200 доллари амрикоӣ ва 16-тона арматур, арзишаш 16 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 66-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2021 марди 48-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 3 ҳазору 100-долари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки 0,04-га қитъаи замини назди ҳавлигӣ аз назди хонааш гирифта медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад