Бо мақсади муаррифии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба соҳибкорону сармоягузорон бо ташабусси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо Вазорати молия, Кумитаи андоз, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Шӯрои тиҷоратии ИМА ва Тоҷикистон вохурӣ бо аҳли намояндагии зиёда аз понздаҳ ширкати амрикоӣ дар шакли маҷозӣ баргузор карда шуд.
Дар ин бора, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар додааст.
Қайд карда шуд, ки аз 1 январи соли 2022 дар ҷумҳурӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт, ки дар таҳияи он коршиносони маҳаллию байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи Байнамилалии Асъор, Бонки Осиёгии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва дигар шарикони тиҷоратӣ ҷалб гардида, дар заминаи омӯзиши таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя тарҳрезӣ гардида, таклифу пешниҳодҳои намояндагони бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои молиявӣ ба инобат гирифта шудааст.
Инчунин изҳор гардидааст, ки ҳадаф аз таҳия ва қабули санад ин ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар, содда ва оммафаҳм намудани муқаррароти он, муносибгардонии меъёрҳои андоз ва пешбинӣ гардидани имтиёзҳои иловагӣ барои бахши хусусӣ, ки дар маҷмуъ мувозинатро миёни сиёсати фискалӣ ва ҳавасмандгардонии сармоягузорию бахши хусусӣ таъмин мекунад, маҳсуб меёбад.
Зимнан, барои соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА оид ба муқаррароти маъмурикунонии расмиёти андоз, меъёрҳои андозӣ ва амалигардонии сиёсати раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо манзур намуданд.
Дар ҷамъбаст қайд карда шуд, ки дар шароити имрӯза баргузор намудани чунин чорабиниҳо муҳим арзёбӣ мегардад ва дар назар аст, ки дар ояндаи наздик силсилавохуриҳои маҷозӣ аз рӯи соҳаҳо байни бахши хусусии ду кишвар ташкил карда шаванд.