«ПСЖ» дар «Парк-де-Пренс» «Реал Мадрид»-ро ноком кард

Дар бозии аввали даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳои Аврупо рақобат миёни дастаҳои «ПСЖ» ва «Реал Мадрид» баргузор гардид.

Дидори дастаҳо дар майдони «Парк-де-Пренс»-и Париж доир гардида, ба фоидаи шогирдони Пачеттино хотима ёфт. Голи ягонаи ин рақобатро ҳамлавари фаронсавӣ Килиан Мбаппе дар дақиқаи 90+4-ум ба самар расонид. «ПСЖ» имконияти задани голи дуюмро низ дошт. Дар дақиқаи 61-ум Даниэл Карвахал бар муқобили Килиан Мбаппе қоидаи бозиро вайрон кард. Баъди ин ҳолат довар ба дарвозаи дастаи шоҳона зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ таъин намуд.

Пеналтиро Лионел Месси иҷро кард, вале дарвозабони «Реал Мадрид» — Тибо Куртуа зарбаи иҷрокардаи Мессиро баргардонид. Қайд кардан зарур аст, ки Лионел Месси дар 7-бозии охираш бар муқобили бошгоҳи “Реал Мадрид” амали хотирмоне анҷом надодааст. Бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо байни ин дастаҳо 9-уми март дар Мадрид баргузор мегардад.

Сорбон Амонуллозода