Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ 15 феврали 2022 Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Покистон Суҳайл Маҳмуд суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ду кишвар ва масъалаҳои умдаи минтақавӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиву сайёҳӣ байни ду кишварро таъкид карданд.
Ҳамсуҳбатон роҷеъ ба Иҷлосияи 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар таърихи 22-23 марти 2022 дар Исломобод баргузор мегардад, табодули назар карданд.