Федератсияи футболи Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш хабар медиҳад: Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Туркия ҷамъомади дуҳафтаинаи омӯзишӣ мегузаронад.
Барои лагери туркӣ, ки аз 10-уми феврал то 23-юми феврал баргузор мешавад, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Аҳлиддин Турдиев 25-бозигар – 3-дарвозабон, 7-ҳимоятгар, 11-нимҳимоятгар ва 4-ҳамлагар даъват кардааст. Аз легионерҳо нимҳимоятгарон Ҳамадонӣ Камолов (Райо Махадаонда, Испания) ва Алиҷони Айнӣ (Краснодар, Россия) ба тими ҷавонони кишвар даъват шудаанд.
Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 4-бозии назоратӣ анҷом медиҳад. Рӯзи якшанбеи 13-феврал шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо тими «Ворскла»-и Украина (U-20) қувваозмоӣ мекунанд. Рӯзи 16-феврал “дастаи ҷавонон”-и Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Македонияи Шимолӣ вомехӯрад. Шарики сеюми дастаи мо тими ҷавонони Самара Крылья Советов (U-20) мешавад. Дар вохӯрии ниҳоии назоратӣ тими миллии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Туркия рақобат мекунанд.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20):
Дарвозабонҳо: Сӯҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Сафармад Ғафоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду – «Динамо»);
Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Меҳрубон Каримов, Фахриддин Аҳтамов, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама – «Динамо»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);
Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов (Райо Махадаонда, Испания), Алиҷони Айнӣ (Краснодар, Россия), Аббос Андалебов («Файзканд»), Ҳамзаҷон Аҳтамов («Истаравшан»), Азизбек Далиев, Азизбек Ҳаитов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Кабир Салимшоев, Бежан Нишонбойзода , Фатҳулло Олимзода, Абдулло Шарифов (ҳама – «Динамо», Меҳроб Асоев («Соро компания»);
Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Хуршед Давлатзода, Сунатулло Азизов (ҳама – «Динамо»), Содиқҷон Қурбонов («Барқчӣ»).
Сармураббӣ: Аҳлиддин Турдиев
Бозиҳои назоратии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия
13-феврал (якшанбе)
Тоҷикистон (U-20) – «Ворскла» (Украина, U-20)
16-феврал (чоршанбе)
Тоҷикистон (U-20) – Македонияи Шимолӣ (U-20)
19-феврал (шанбе)
Тоҷикистон (U-20) – «Винговы Самара Советов» (Россия, U-20)
22-феврал (сешанбе)
Тоҷикистон (U-20) – Туркия (U-20)
Сорбон Амонуллозода