Мусаллам аст, ки парандапарварӣ аз соҳаҳои муҳиму заҳматталаби кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, аз ҷумла тухм ва гўшти парҳезӣ, нақши калидӣ дорад. Зимни нишасти матбуотӣ масъулини вазорати кишоварзии мамлакат иттиллоъ доданд, ки маҳз бо пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи корхонаҳои нави парандапарварӣ айни замон дар ҷумҳурӣ ба 203 адад расида, то ба 1-уми январи соли 2022 беш аз 44 ҳазор тона гӯшт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 ҳазор тонна зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол Давлатҷон Комилзода-академики академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, дар замони Истиқлол ба соҳаи парандапарварӣ диққати зиёд дода шуд, маҳз ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки соҳа давоми 3-4 соли охир каратҳо рушд кард.
Ба андешаи коршинос Давлатҷон Комилзода бо вуҷуди рушди соҳа имрўз мо наметавонем тибқи меъёри дар кишвар қабулшуда бозори истеъмолиро бо маҳсулоти соҳаи паррандапарварӣ таъмин намоем. Агар мо корхонаҳои парандапарвариро дар кишвар бо хўроки серғизо таъмин карда тавонем, онгоҳ дар ин самт муваффақ мегардем. Ҳамсуҳбатамон мегўяд, ки айни замон ин гуна корхонаҳои ватанӣ имкони таъмини хўрокаро надорад.
Зимни нишасти матбуотӣ ба суоли мо дар ҳамин маврид муовини якуми вазир Мирзозода Музафар Бурҳон гуфт, ки афзун намудани теъдоди корхонаҳои истеҳсоли хўроки паранда дар кишвар ба манфиат аст, зеро ҳамасола соҳа ба 660 ҳазор тонна хӯроки омехта ниёз дорад.
Давлатҷон Комилзода-академики академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон соҳаи парандапарвариро соҳаи саноатӣ медонад. Биноба назари ин ҳамсуҳбати мо дар ҳоли коркарди саноатии маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ мо нафъи бешумор ба даст меорем.
Рушди бонизоми соҳа боис мегардад, ки мо хостаҳоямро дар самти дастрасӣ ба маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ аз ҷумла гушти парҳезӣ ва тухм амалӣ намоем. Барои боз ҳам равнақ додани соҳа чӣ бояд кард?
Сабаби дигари ба таври дилхоҳ рушд накардани соҳаро дар кишвар ҳамсуҳбати мо дар муназзам рушд накардани парандапарварӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ медонад. Идомаи андешаҳои Давлатҷон Комилзода-академики академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мешунавем.
Дар ҳама маврид барои рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ истифода аз технологияҳои муосир ва ҳамзамон ҳамкории олимон бо парандапарварон бар нафъи кор аст. Ин ду омил аз як тараф боиси афзун кардани саршумор, истеҳсоли босифати тухму гўшти паранда, беҳтаркунии зот, баланд бардоштани маҳсулнокии соҳа гардад, аз тарафи дигар барои кам намудани хароҷоти изофа мусоидат мекунад. Умед аст, ки парандапарварони мамлакат аз таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои илми муосир истифода намуда, рушди босуботу босуръати соҳаро бештар аз пештар таъмин месозанд.
Муродулло Раҳимов
радиои «Тоҷикистон»