Иштироки ширкатҳои тоҷикистонӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast»

Дар 15-умин Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» 4 ширкати тоҷикистонӣ иштирок намуданд. Ин намошгоҳ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла ҶДММ «Холис Пласт», ҶДММ «Плас ТҶ», ҶДММ «Асали1», ҶДММ «Пласт мастер» иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ин ширкатҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ машғуланд.

Манбаъ мегӯяд, намояндагони ширкатҳои тоҷикӣ бо ширкатҳои ҷумҳуриҳои Туркия, Эрон, Русия, Арманистон, Ӯзбекистон вохӯрда, дар форуму машваратҳо, ки дар доираи намоишгоҳ дар назар аст, иштирок менамоянд.

Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» зиёда аз 1200 ширкатро аз 15 кишвари ҷаҳон ба ҳам оварда, майдони умумии намоишгоҳ 75 000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Палатаи савдо ва саноат гуфтааст, иштирок дар ин намоишгоҳ “ба соҳибкорони ватанӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро дар ин самт омӯзанд, шарикони ҳамкор дарёфт намоянд ва барои ташкили корхонаҳои муштарак шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, содироти маҳсулотро ба хориҷа ба роҳ монанд”.

Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» то 10 феврал идома меёбад.